- қатор
- I[قطار]а1. хати ба тартиб ҷойгирифтаи чизҳои якхела; гурӯҳи одамон, чорпоён, мошинҳо ва ғ., ки пайи ҳам ё паҳлӯи ҳам бо тартиб истодаанд ё воқеъ гаштаанд, саф, рад, рада, радиф: қатори вагонҳо, қатори дарахтон, қатори ҳавлиҳо, қатори пешқадамон, қатори шермардон, панҷ-шаш қатор одамон, дар қатори якум нишастан (мас., дар театр); қатор(ҳо)и пахта хатҳои ниҳоли пахта дар киштзор; кори байни қаторҳои пахта корҳои хишова, каланд кардан ва об додани пахтазор2. паҳлу ба паҳлу, паҳлуи ҳам ё паси ҳам ба тартиб (истода): қатор бистар андохтан, қатор гузоштан (-и аскарон), қатор истода расм гирифтан, қатор нишастан, қатор хобидан, қатор чидан, қатор шинондани дарахтон, қатор истодани мошинҳо …; қатори… а) ниг. дар қатори…; б) баробари …, ҳамроҳ бо…; ба қатори… // дар қатори… а) дар сафи…, дар радифи…; ба ҷумлаи…; ба қатори калонсолон (коргарони соҳибихтисос, нависандагон) даромадан, ба қатори… гузаштан…; б) дар байни. ., дар миёни…; ҳамроҳ бо (касе ё чизе); дар қатори дигарон (халқ) дар қатори ҳама, баробари дигарон; монанди одамони дигар; аз ин (ё он) қатор аз ин ҷумла, аз ин гурӯҳ; дар ин (ё он) қатор дар ин ҷумла, дар он миён◊ як қатор а) дар як саф истода; б) чандин, якчанд; баъзе; як қатор масъалаҳо (чораҳо, муваффақиятҳо), як қатор корхонаҳо (ноҳияҳо, мамлакатҳо); қатор-қатор а) якчанд қатор шуда, як қатор аз паси қатори дигар; б) маҷ. чандин, якчанд; қатор-қатор кардан а) саф кашондан, саф додан; б) пайи ҳам гузоштан, дар як хат ё ҷое чида мондани чизе; қатор карда савол додан пайи ҳам савол додан, саволборон кардан; қатор шудан а) саф кашидан, саф оростан; паси сари ҳам ё паҳлӯ ба паҳлӯ бо тартиб истодан, пайи ҳам истодан (дар навбат); б) пайи ҳам чида шудан, пайи ҳам гузошта шудан; ба қатор истодан ба саф даромада истодан; ба навбат истодан; як қатор аз як сар; саросар, беистисно; аз қатор баромадан аз ҷамъият дур шудан; муқ. ба канор баромадан; аз қатор рафтан вафот кардан, мурдан; муқ. аз байн рафтан; ба қатори одам (ё мардум) даровардан тарбия карда ба воя расондан, ба камол расондан; ба қатори мардум даромадан ба воя расидан, ба камол расидан; дар як қатор гузоштан баробар ҳисоб карданII[قطار]а. маҷмӯи вагонҳое, ки ба воситаи паровоз (локомотив) дар рӯи роҳи оҳан ҳаракат мекунад, поезд (гоҳо қатори роҳи оҳан ҳам ба ин маъно кор фармуда мешавад): қатори боркаш, қатори мусофирбар, қатори тезгард, қатори Душанбе-Конибодом
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.